Пешниҳод: «Чойхонаи миллии тоҷикӣ бояд ба феҳристи объектҳои мадании ЮНЕСКО ворид карда шавад»
ДУШАНБЕ, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Чойхонаҳои миллии тоҷикӣ дорои таърихи садсолаҳо буда, ҳамчун макони илму маърифат, ҷойгоҳи баргузории маҳлифҳои адабӣ ва мактаби одамият шуҳрат пайдо намудааст. Ҳарчанд солҳои охир баъзе чойхонаҳои миллии тоҷикӣ намуди фаъолияти худро андак дигаргун намуда, хизматрасонии худро ба шакли ошхона табдил додаанд, аммо бо вуҷуди ин дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чойхонаҳои зиёде фаъолият доранд, ки инъикосгари таъриху фарҳанги пурғановати миллии тоҷикон ба шумор мераванд. Вобаста ба ин унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷамшед Обидзода оид ба ворид намудани чойхонаҳои миллии тоҷикӣ ба феҳристи ЮНЕКСО андешаҳояшонро ба АМИТ «Ховар» чунин баён дошт:
— Чойхонаи миллии тоҷикӣ инъикосгарии таъхири пурғановати халқи тоҷик буда, макони ҷамъшавии пирони рӯзгордида мебошад, ки аксаран масъалаҳои иҷтимоии истиқоматкунандагон маҳалаву кӯча дар он ҷо ҳал мешуданд.
Чойхонаҳои миллии тоҷикӣ, ки қаблан қариб дар ҳар гузару маҳаллаҳои қадимии тоҷикӣ мавҷуд буданд, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ муосиртар гашта, маъмулан чун ошхонаҳои миллӣ бо хизматрасонии пулакӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар гузаштаи начандон тӯлонӣ чойхонаҳои гузару маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо номи «чойхона-қироатхона» ё ин ки «самоворхона» низ машҳур буданд ва дар чунин макони истироҳатӣ тарғиботи идеологияи миллӣ ба таври шоиста ба роҳ монда мешуд ва дар навбати худ муйсафедон, ки маъмулан сарвару хирадсолори хонаводаи тоҷик маҳсуб меёбанд, шунидаву донистаҳои худро вобаста ба сиёсати давлатӣ ба аҳли оила ташвиқ намуда, дар тарғиботи миллӣ то андозае саҳмгузор мешуданд.
Дар чойхонаҳои миллии тоҷикӣ бо савту навои шашмақом ҷўр гаштани овози паррандаҳои хушхони бедонаву саъба ва кабк, бозии шоҳмоту шашка ва латифаву аксиягӯиҳои муйсафедон ба кас руҳу ҳаловати тоза мебахшанд.
Муйсафедони нуронӣ ва пирони кору рӯзгор, ки таҷрибаи бойи зиндагиро доро ҳастанд, баъзан баҳсҳои оилавӣ ва масъалаҳои иҷтимоии аҳли гузар, маҳала ва кўчаро бо панду насиҳатҳои ибратомӯз ва маслиҳатҳои падаронаашон ҳалу фасл менамуданд.
Дар ин замина мавриди ёдоварӣ аст, ки чанд сол қабл дар телевизиони Тоҷикистон низ барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Чойхонаи Дилкушо», ки дар он намои дохилии чойхонаҳои миллии тоҷикӣ инъикос меёфтанд, намоиш дода мешуд, ки хеле тамошобобу диданӣ буд ва дар ташаккули маънавиёти тамошобинон низ саҳмгузор буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар иртибот ба ин мавзуъ, ҳанӯз 26 июни соли 2009 зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани чойхонаи миллӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъкид дошта буданд, ки: «Чойхонаҳои миллии мо аз қадим рисолати хосса дошта, макони ваҳдату сарҷамъии одамон, маҳалли паёму хабарҳои тоза, маркази маърифату таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машварат ва маҳфили шоирону ровиён ва ҳофизону ҳунармандон ба шумор меравад».
Дар баробари ин Пешвои миллат дар ҳамин сухаронии худашон иброз дошта буданд, ки «Чойхона таърихан таҷассумгари симои миллӣ ва услуби хосаи меъмории миллати тоҷик буда, дар тарҳрезиву бунёди он нозукиҳои санъати наққошиву кандакорӣ, рассомиву ородиҳӣ, гаҷбуриву гулпартоӣ ва чӯбтарошиву дуредгарии гузаштаву имрӯзаи ҳунармандони мо муҷассам мегарданд».
Ин аст, ки маҳз туфайли дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар даврони Истиқлоли давлатӣ даҳҳо чойхонаҳои миллӣ ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар ифтитоҳи чанде аз онҳо шахсан Президенти мамлакат иштирок намуда буданд ва дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ боз бунёди даҳҳо чойхонаҳои миллӣ дар назар дошта шудааст.
Воқеан чойхонаи миллии тоҷикӣ дар баробари он ки дар камолоти маънавии ҷавонону наврасон, ҳалли масоили иҷтимоии маҳаллаҳо ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатбул метавонад саҳми шоистае дошта бошанд, инчунин бо биноҳои бо нақшу нигорҳои миллӣ ороёфта, кандакорӣ ва усули хоси хизматрасонӣ ба завқу табъи зебоипарастии насли наврас метавонад муассир бошад.
Дар ҷаҳон кам миллату халқияте пайдо мегардад, ки чун чойхонаву чойхонадории тоҷикона макони фарҳангиву фароғатие хос барои муйсафедон дошта бошад ва ҳарчанд дар аксари кишварҳои Осиё чунин маконҳои истироҳати муйсафедон мавҷуданд ҳама онро бо лафзи зебои тоҷикӣ – «чойхона» ном мебаранд. Хурду калони Тоҷикистон борҳо шоҳид будем, ки меҳмонон аз Аврупову Амрико ва дигар мамолики ҷаҳон пас аз боздид аз чойхонаҳои миллии тоҷикӣ, суҳбатҳои самимӣ бо пирони нуронӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона ангушти ҳайрат газида, шефтаи диёри мо шудаанд.
Пас зарур аст, ки мо низ ин мероси пурғановати миллат – чойхонаи миллии тоҷикиро, ки ҳам макони истироҳат, ҳам кошонаи панду андарз ва ҳам мактаби одаму одамгарист, барои шомил намудан ба феҳристи обеъктҳои мадании ЮНЕСКО иқдом намоем, то мероси фарҳангии Тоҷикистон ба таври боз ҳам шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Боғи Куруши Кабир «Кӯчаи сайёҳии мавсимӣ» ифтитоҳ мегардад
11 НОЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ба ғанӣ гардидани буҷети хонавода мусоидат менамояд
«ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон ба ифтихори Рӯзи Президент китоб ба нашр расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд
Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад
Ҳунарҳои миллӣ бо усули «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» тарғиб карда мешаванд
Дар ноҳияи Рашт кӯпруки мошингард ба истифода дода шуд
ГИЁҲҲОИ ХУШККАРДАШУДА. Аз онҳо чӣ тавр истифода мебаранд ва ба организм чӣ манфиат доранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад






