Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот намуданд

Июнь 2, 2023 13:58

ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 июни соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон – Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бобати вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо тамаркуз ба ҷалби сармояи аврупоӣ ва кумаки техникиву молиявӣ дар амри татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии рушди Тоҷикистон мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати суръатбахшӣ ба раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупоро (GSP+), ки ҳамчун омили густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Аврупо ба шумор меравад, таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба муқовимат бо хатару таҳдидҳои амниятӣ бо тамаркуз ба вазъ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Мулоқот дар фазои созанда баргузор гардид.

Мулоқот бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел 02.06.2023

Июнь 2, 2023 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд