Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд

Июнь 2, 2023 13:28

ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 июни соли 2023 дар шаҳри Чолпон-Ата Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.

Сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.

Дар мулоқот ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров аз натиҷаҳои охири мувофиқаи хати лоиҳавии сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба дарозии тақрибан 626 километр, ки 102 километри он дар 1,5 соли охир тасвир шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар баробари ин аз талошҳои муваффақона идома додани музокирот ва қабули қарорҳои дахлдор дар асоси эҳтиром ва эътимоди мутақобила изҳори ҷонибдорӣ карда шуд.

Сарони давлатҳо муҳимияти нигоҳ доштани риштаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориии ду мамлакатро бори дигар тасдиқ карда, ҷонибдории худро барои ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷуда танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ изҳор намуданд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 02.06.2023

Июнь 2, 2023 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд