Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 19.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва ҳайати ҳамроҳи ӯ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз таъйин гардидани Марат Хуснуллин ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти муҳими комиссияи мазкурро дар танзиму пешбурди самараноки муносибатҳои дуҷонибаи байни давлатҳо таъкид доштанд.
Зимни мулоқот самтҳои асосии дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Иброз гардид, ки рушду тавсеаи мунтазами муносибатҳои гуногунҷанба бо Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад.
Ҷонибҳо ҳамзамон як қатор масъалаҳои муҳими рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия ва зарурати идомаи талошҳои тарафҳоро ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, тақвияти робитаҳои байни минтақаҳо, ҷалби сармояи мустақим дар раванди саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва муҳоҷират мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамсуҳбати худро ба раванди рушду нумӯи шаҳри Душанбе ва дигаргуниҳои куллие, ки солҳои охир дар пойтахти Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастанд, ҷалб сохта, фаъолгардонии ҳамкориро дар сатҳи пойтахтҳои ду давлат аз самтҳои афзалиятнок маънидод намуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе











Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






