Роҳи Бӯстон-Азизобод дар ноҳияи Мастчоҳ мумфарш мегардад
ДУШАНБЕ, 21.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Масчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии роҳи Бӯстон-Азизобод, ҳудуди деҳоти Оббурдон ва Мастчоҳ шуруъ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Зимни суҳбат бо сокинони ноҳия Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои ноҳияи Мастчоҳ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба куллӣ тағйир ёфта, ниҳоят ободу зебо гардидааст. Дар ин муддат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин саҳмгузории соҳибкорон даҳҳо иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат намуд.
Бояд гуфт, ки роҳи Бӯстон-Азизобод яке аз роҳҳои асосӣ ба шумор рафта, маркази ноҳияро бо се ҷамоат мепайвандад. Корҳои мумфаршкуниро мутахассисони ҶДММ «Ваҳдат 2018» ба уҳда дошта, барои анҷоми босифати он техникаҳои зарурӣ ҷалб гардидааст.
Раиси вилоят ба масъулин барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супоришҳо дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд






