Сафари давлатии Амири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт

Июнь 8, 2023 20:36

ДУШАНБЕ, 08.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 8 июн сафари давлатии Амири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Мавриди тазаккур аст, ки зимни ин сафар аз руи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Руйдоди муҳими ин сафар ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе барои 133 ҳазор намозгузор мебошад, ки дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Қатар бунёд гардид.

Баъди анҷоми сафари давлатӣ Амири Давлати Қатар аз шаҳри Душанбе ба Қатар баргашт.

Бо нишони эҳтироми баланд ва самимияти хос меҳмони олиқадр Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гусел намуданд.  

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 8, 2023 20:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд