Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин мулоқот намуд

Июнь 20, 2023 16:35

ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 июн Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар мулоқот масъалаҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мусоҳибон бо қаноатмандӣ таъкид намуданд, ки муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ ду давлат дар ҳама самтҳо ба марҳилаи сифатан нав ворид шуда, пайваста рушду тавсеа меёбанд.

Нақши меҳвари сарони ду давлат дар рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия махсус таъкид гардид.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, тандурустӣ, маориф, нақлиёт, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва фарҳангу иҷтимоиро баррасӣ намуданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон нақши назаррас дорад.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва шарикии стратегӣ, ҳамчунин дурнамои густариши ҳамкории амалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари муносибатҳои байниҳукуматӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 20, 2023 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид