Шуъбаҳои таваллудхона ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик навсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаҳои таваллудхона ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъмиру навсозӣ мегардад. Дар таъмиру навсозии иншооти мазкур беш аз 30 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Зимни шиносоии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои таъмиру навсозии ин беморхона иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ дар асоси пешниҳоди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бо маблағгузории Бонки рушди Олмон дар масоҳати 3030 метри мураббаъ қитъаи замин навсозӣ шуда, дар иншооти мазкур ба маблағи 11 миллиону 158 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки беморхонаи мазкур дар кӯчаи А.Синои Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд ҷойгир буда, соли 1988 сохта шудааст.
Беморхона дар давоми солҳои фаъолият се маротиба таъмири ҷорӣ гардида бошад ҳам, бо сабаби куҳнаю фарсуда гардиданаш ба таъмири асосӣ ва навсозӣ ниёз дошт.
Таъмиру навсозии беморхонаи мазкур аз ҷониби фармоишгар- Бонки рушди Олмон, лоиҳакаши иншоот ООО «Неъмат» бо тарҳи муосир таҳия ва тарҳрезӣ шуда, аз тарафи пудратчии он ҶДММ «ЁХСУ» сохта шуда истодааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид






