Суханронии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Гран-прии Душанбе-2023 оид ба ҷудо

Июнь 2, 2023 16:56

2 июни соли 2023, шаҳри Душанбе

Муҳтарам Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо ҷаноби Мариус Визер!

Муҳтарам президентҳои федератсияҳои ҷудо!

Меҳмонон ва ҳозирини арҷманд!

Бисёр хушҳолам, ки ҳамаи шуморо дар чорабинии имрӯза хайрамақдам мегӯям.

Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсоният яке аз василаҳои пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад.

Дар кишвари мо ба масъалаи рушди варзиш ҳамчун яке аз василаҳои муассир ва муҳимми тарғиби тарзи ҳаёти солим, беҳсозии тандурустии аҳолӣ ва ба фаъолияти созандаву бунёдгарона равона сохтани мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон эътибори махсус дода мешавад.

Зеро Тоҷикистон кишвари ҷавонон мебошад ва синни миёнаи аҳолии он 24 солро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти ин, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш ҳамчун яке аз қисмҳои муҳимтарини пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ мегардад.

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо овардани як мисол кофист, ки дар пойтахти мамлакат танҳо дар шаш соли охир зиёда аз 15 ҳазор чорабиниву мусобиқаҳои гуногун бо фарогирии беш аз 4 миллион нафар ҷавонон гузаронида шуд.

Дар ин давра, бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтар барои машқу тамрин ва оммавигардонии варзиш бунёди майдончаҳои варзиш ва бозии кӯдакон вусъат пайдо кард ва шумораи онҳо аз 50 ба 300 расонида шуд.

Вобаста ба ин, қобили зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои рушди варзиши тоҷик ва ба арсаи байналмилалӣ баровардани он тамоми шароити заруриро муҳайё менамоянд.

Дар натиҷаи чунин ғамхориҳо бисёр намудҳои варзиш, аз ҷумла ҷудо дар Тоҷикистон дар марҳалаи рушди муназзам қарор дошта, ҷудокорони мо имрӯз дар арсаи байналмилалӣ мақоми эътирофшуда ва мавқеи хоса пайдо кардаанд.

Иштироки варзишгарони тоҷик дар Гранд Слами Токио, инчунин, дар мусобиқаи Мастерс дар Йерусалим ва соҳиби медали нуқраи қувваозмоии мазкур гардидани яке аз онҳо – Темур Раҳимов гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад.

Бояд гуфт, ки ин аввалин медал дар таърихи ҷудои кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Аз ҷониби Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам бештар ривоҷ додани ин намуди варзиш аз оғози соли 2023 то имрӯз 4 мусобиқаи дохилӣ ва 8 ҷамъомади машқу таълим дар дохил ва хориҷи мамлакат баргузор карда шуд.

11 – 12-уми феврали соли 2023 дар пойтахти мамлакат аввалин чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни калонсолон баргузор гардид.

Дар ин раванд, ба хотири рушди ҷудо миёни наврасон моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки варзишгарони наврас чемпионати Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҳамчунин, боиси ифтихор аст, ки соли ҷорӣ тими ҷудои Тоҷикистон ба 10 мусобиқаи байналмилалӣ сафарбар гардида, ҷудокорони мо сазовори 8 медал, аз ҷумла 2 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи гуногун ва форумҳои байналмилалӣ бо иштироки ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба ҳукми анъанаи нек даромадааст.

Масалан, дар давоми солҳои 2021 – 2023 панҷ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе, Ҷоми шаҳрдорӣ ва Ҷоми пойтахт ба ифтихори санаҳои миллӣ бо иштироки варзишгарон аз 134 давлати дунё баргузор гардид.

Соли 2022 бори нахустин дар кишвари мо Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ бо иштироки варзишгарону меҳмонон аз 22 давлати қораи Осиё ба масофаҳои аз 15 то 175 километр баргузор карда шуд.

Бо қаноатмандӣ мехоҳам изҳор намоям, ки тайи шаш соли охир дастпарварони мактабҳои варзиши мо дар мусобиқаҳои бонуфузи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиё, ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва бозиҳои Осиё иштирок намуда, соҳиби 31 ҳазору 204 медал, аз ҷумла 11 ҳазору 771 медали тилло гардиданд.

Боиси хушҳолист, ки имрӯз дар аввалин Гранд-прии Душанбе-2023 315 нафар варзишгарон аз 40 давлати дунё иштирок менамоянд.

Итминон дорам, ки мусобиқаи имрӯза дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор мегардад ва ба густариши минбаъдаи тарзи ҳаёти солим, рушди варзиши кишвар, аз ҷумла ҷудо, дарёфти варзишгарони ҷавону ояндадор ва болоравии минбаъдаи шарафи варзиши Тоҷикистони соҳибихтиёр мусоидат менамояд.

Ба ҳамаи шумо – меҳмонони гиромӣ – будубоши фараҳбахш дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри зебои Душанбе ва ба иштироккунандагони мусобиқа барору комёбӣ орзу менамоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Июнь 2, 2023 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Душанбе Фестивали ҳунармандон баргузор мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар Душанбе баргузор гардид
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар Душанбе даври шаҳрии озмун баргузор гардид
«ФАХР ДОРАМ, ТОҶИКАМ МАН, ИФТИХОРАМ ТОҶИКИСТ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Дар Душанбе бо мақсади тавсеаи фаъолият дар самти кор бо занон ва оила ҷаласаи сайёр баргузор шуд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе омодагӣ ба ташкили истироҳати кӯдакону наврасон оғоз гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуданд
Шаҳрҳои Душанбе ва Нарваи Эстония ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун тақвият медиҳанд
Лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид
Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад