ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 июн, панҷшанбе, 166-умин рӯзи соли 2023 аст

Июнь 15, 2023 08:00

15 июни соли 2022 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулода ва мухтори давлатҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд.

 ***

15 июни соли 2022  дар Қасри миллат мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Майкл Эрик Курилла баргузор гардид.

***

Дар ин рўзи соли 2021  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва боздид аз ҷараёни барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ба шаҳри Кӯлоб сафар намуданд.

***

15 июни соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал қадрдонӣ шуданд.

***

12 сол пеш, дар ин рўзи  соли 2011 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ роҳҳои рушди ҳамкории судманди ду давлат  баррасӣ шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Остона баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва давлатҳои нозир иштирок намуданд.

15 ИЮН:

Рӯзи байналмилалии шамол.

***

Дар Ҷумҳурии Корея – Рӯзи кишоварзӣ.

***

Дар Озарбойҷон  — Рӯзи миллии наҷот.

***

Дар Коста-Рика – Рӯзи дарахтшинонӣ.

 РӮЙДОДҲО:

 15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

***

  15 июни соли 2021 дар Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Туркия оид ба сайёҳӣ  доир  гардид.

***

 Дар ин рўзи соли 2019 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳудуди калонтарин беморхонаи  мамлакат — Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии «Шифобахш» Маркази тавонбахшии маъюбон  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими  кушодашавии ин муассисаи тиббӣ хонум Эмине Эрдоған, ҳамсари Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон иштирок намуд.

***

15 июни соли 1996 Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

12 сол қабл,  дар ин рўзи  соли  2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҷонибдорӣ кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2019 зимни  изҳороти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин баён доштанд: «Дар натиҷаи музокироти имрӯза маҷмӯи  нави санадҳо ба имзо расид, ки самтҳои ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, инфрасохтор ва илму техника фаро мегиранд. Дар ҷараёни мулоқот мо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуда, яксонӣ ё наздикии мавқеи ҷонибҳоро оид ба аксари мутлақи масъалаҳои калидии дуҷониба ва байналмилалӣ таъйид кардем».

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Фазлиддин Муҳаммадиев — соли 1928 нависанда, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ходими хизматнишододаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.

Июнь 15, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, сешанбе, 233-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 232-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, якшанбе, 231-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, шанбе, 230-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, ҷумъа, 229-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, сешанбе, 226-умин рӯзи соли 2024 аст