ҶУДО. Обид Ҷебов дар Мусобиқаи «Гранд Слами Уланбатор 2023» медали нуқра ба даст овард
ДУШАНБЕ, 23.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи аввали Мусобиқаи «Гранд Слами Уланбатор 2023» оид ба ҷудо дар Муғулистон варзишгари Тоҷикистон Обид Ҷебов дар вазни 66 кг сазовори медали нуқра гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар финал варзишгари мо Обид Ҷебов аз ҷудочии Муғулистон Ёндонпэрэнлэйн Басху мағлуб шуд.
24-25 июн дар «Гранд Слами Уланбатор 2023» Беҳрӯз Хоҷазода (дар вазни 73 кг), Комроншоҳ Устопириён (дар вазни 90 кг) ва Мансур Раҳмон (дар вазни +100 кг) Тоҷикистонро намояндагӣ менамоянд.
Фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5 000 евро, барандагони медали нуқра 3 000 евро ва медали биринҷӣ 1 500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд. Ҳамчунин шуруъ аз Гранд Слами Уланбатор дар раддабандии олимпӣ холшумории садфоиза оғоз мешавад. То ин вақт 50 фоизи холҳои варзишгарон ҳисобида мешуд.
Ҳамин тариқ, варзишгарон як соли дигар – то 25 июни соли 2024 имкон доранд барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош намоянд.
Дар асоси раддабандии олимпӣ, аз 25 июни соли 2024 дар ҳар вазн 18 нафар, бо дарназардошти як варзишгар аз як давлат соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.
АКС: ТВ «Варзиш»








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






