ҶУДО. Сомон Маҳмадбеков дар Гранд Слами Қазоқистон медали тилло ба даст овард
ДУШАНБЕ, 17.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми «Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023» оид ба ҷудо дар Остона варзишгари Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг сазовори медали тилло гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар финал Сомон Маҳмадбеков бар Шмидт Гилерме аз Брализия ғолиб омад.
Пагоҳ, 18 июн дар рӯзи охири мусобиқа Умедҷон Раҷабов (дар вазни -90 кг), Исроил Раҳимов (дар вазни -100 кг), Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (дар вазни +100 кг) Тоҷикистонро намояндагӣ менамоянд.
Фонди умумии ҷоизаҳо 150 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5 000 евро, барандагони медали нуқра 3 000 евро ва медали биринҷӣ 1 500 евро ҷоизапулӣ мегиранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






