ҶУДО. Темур Раҳимов дар Гранд Слами Қазоқистон ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид

Июнь 18, 2023 19:38

ДУШАНБЕ, 18.06.2023  /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи охири «Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023» оид ба ҷудо дар Остона варзишгари Тоҷикистон Темур Раҳимов дар вазни +100 кг сазовори медали нуқра гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар финал Темур Раҳимов аз Тамерлан Башаев (дастаи варзишгарони фардии бетараф) мағлуб шуд.

Ин дуюм медали варзишгарони мо дар Гран Слами Қазоқистон мебошад. Дирӯз Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Гранд Слами Қазоқистон 334 варзишгар (190 мард, 144 зан) аз 42 давлати ҷаҳон иштирок доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар байни мардон намояндагӣ намуда,  ду медали тилло ба даст оварданд.

Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо як медали тилло ва як нуқра дар ҳисоби даставӣ байни 42 давлат дар ҷои 5-ум мавқеъ гирифт.

АКС: Федератсияи  ҷудои Тоҷикистон

 

Июнь 18, 2023 19:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад