Варзишгарони Тоҷикистон барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии наврасон – Дакар-2026 дар Узбекистон омодагӣ мегиранд

Июнь 23, 2023 13:55

ДУШАНБЕ, 23.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 июн то 1 июли соли равон  барои наврасони федератсияҳои таэквондо, ҷудо, гӯштини  юнонӣ-римӣ ва варзиши сабуки Тоҷикистон дар Узбекистон ҷамъомадҳои машқӣ- таълимӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, варзишгарони навраси мамлакат дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ва дарёфти роҳхат ба 4-ум Бозиҳои олимпии наврасон — Дакар-2026 ба Ҷумҳурии Узбекистон сафарбар шудаанд.

Бояд таъкид намуд, ки ба ин ҷамъомадҳои машқӣ -таълимӣ 18 нафар варзишгар ва 8 нафар мураббиён ҷалб гардидаанд.

Пеш аз сафарбар гардидани ҳайати варзишгарон ва мураббиёни мамлакат ба ин ҷамъомадҳои машқӣ таълимӣ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо онҳо мулоқот  доир гардид.

Дар мулоқот варзишгарони наврас ва мураббиён ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дасгириҳои пайваста ва баргузории ин ҷамъомадҳои машқӣ -таълимӣ изҳори миннатдорӣ  намуданд.

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Июнь 23, 2023 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд