Варзишгарони Тоҷикистон дар нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» 7 медал ба даст оварданд

Июнь 28, 2023 08:41

ДУШАНБЕ, 28.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Тоҷикистон дар нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ», ки 27 июн дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор гардид, 7 медал, аз ҷумла 3 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Дар Чемпионати мазкур беш аз 100 варзишгар аз 28 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Малайзия, Уммон, Покистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Индонезия, Кувайт, Лубнон, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Туркманистон, Таиланд, Узбекистон, Қирғизистон, Тайпеи Чин, Бангладеш, Сурия, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Русия, Озарбойҷон, Ветнам, Ироқ, Эрон, Шри-Ланка ва Урдун иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 20 варзишгар — Мулораҷаб Халифаев, Хурсанқул Куганов, Ҳамроз Раҷабов, Кароматулло Ҳакимов, Ҳақназар Назаров, Баҳром Сӯфив, Каримзоди Наврӯз, Муҳиддин Асадуллоев, Абдуллои Ориф, Фирдавс Олимов, Туйчи Шарифов, Фарҳод Раҳматуллобеков, Муслимбек Каримов, Умар Расулов, Ҳайдари Саидкабирзода, Мирзоҷамил Рамазонов, Рашид Зиёбеков, Хуршед Маҷидов, Шоҳида Қаландарова ва Мавлуда Одинаева муаррифӣ намуданд.

Фонди умумии ҷоизаҳо 80 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медалҳо аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ гардиданд. Ғолиби ҷои аввал 5 000 доллар, ҷои дуюм 3 000 доллар ва ду ҷои сеюм 1 500 доллар ба даст овард.

Инчунин маблағи алоҳида барои ҷомҳои даставӣ муайян гардида буд, барои ҷои якум 1500 доллар, ҷои дуюм 1000 доллар ва ҷои сеюм 500 доллар тақдим карда шуд. Дар ҳайати даставӣ ҳайати гуштингирии Тоҷикистон бо ба даст овардани 7 медал, аз ҷумла 3 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ сазовори ҷои аввал гардид. Дастаи Узбекистон соҳиби ҷои дуюм ва мунтахаби Эрон сазовори ҷои сеюм шуд.

Бояд гуфт, ки мусобиқа аз рӯи 6 вазн баргузор гардид. Дар панҷ вазн мардон ва дар як вазн занон байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони нахустин Чемпионати Осиё оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе

Вазни -52 кг

1. Гантсетсег Ганболд (Муғулистон)
2. Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)
3. Ҳилола Артикбоева (Узбекистон)
3. Да Зу Ҳа (Ветнам)

Вазни -65 кг

1. Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)
2. Артём Штурбабин (Узбекистон)
3. Сардор Хуррамов (Узбекистон)
3. Ҳасан Горуни (Эрон)

Вазни -71 кг

1. Наврӯзи Каримзод (Тоҷикистон)
2. Чори Зоиров (Узбекистон)
3. Илёс Сабзалӣ (Эрон)
3. Дурдюмурат Бешимов (Туркманистон)

Вазни -78 кг

1. Муҳаммади Бариманлоу (Эрон)
2. Раҳматуллобек Фарҳодов (Тоҷикистон)
3. Тӯйчӣ Шарифов (Тоҷикистон)
3. Арслонбек Тоҷиев (Узбекистон)

Вазни -86 кг

1. Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)
2. Умар Бозоров (Узбекистон)
3. Қавибозу Масъуд (Эрон)
3. Асюлбек Уулу Жамалбек (Қирғизистон)

Вазни +86 кг

1. Муҳсин Ҳисомиддинов (Узбекистон)
2. Ҷавод Моради (Эрон)
3. Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон)
3. Муҳаммадкарим Хуррамов (Узбекистон)

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 28, 2023 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд