5 сол мешавад, ки «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе ба кўдакону наврасон хизмат мерасонад

Июль 3, 2023 08:47

ДУШАНБЕ, 03.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 июл аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе 5 сол сипарӣ шуд. 3 июли соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ «Боғи кӯдакон»-ро ба истифода доданд.

Бегоҳии ҳамон рӯз дар амфитеатри боғи мазкур, ки дорои 500 ҷойи нишаст мебошад, бо иштироки насли наврасу хушбахти даврони истиқлол барномаи фарҳангию фароғатӣ доир карда шуд.

Бояд гуфт, ки «Боғи кӯдакон» дар масоҳати қариб 3 гектар доман паҳн карда, дар он барои сайру саёҳат, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шудаанд.

Инчунин барои гашту гузор дар дохили боғ роҳравҳо дар масоҳати 5200 метри мураббаъ аз тахтасангҳои гуногунранг сохта шудаанд. Дар ҳудуди боғ зиёда аз 120 адад курсии гуногуншакл насб карда шудаанд.


Вақте кас шабона вориди боғ мешавад, ҳаловати тозае хоҳад гирифт, зеро барои равшаннамоии боғ чароғакҳои равшанидиҳандаи баландиашон ҳархела бо 30 адад прожектор гузошта шудаанд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар ҳудуди боғ барои дилхушии кӯдакон 115 адад чархофалакҳои гуногун аз Туркия ва Италия, 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун, ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргӯш аз филмҳои тасвирӣ ҷойгир карда шудаанд.

Шомгоҳон боғи мазкур ба макони нишоти кӯдакону наврасон ва истироҳати бофароғати волидайни онҳо табдил меёбад. Хусусан дар мавсими гармо шомгоҳон боғ серодам гардида, пайваста пур аз садои шавқуни кӯдакону наврасони шоду масрур мебошад. Воқеан ҳам чароғҳои рангоранги фурӯзон, арғунчакҳои ҳархелаи замонавӣ, фаввораҳои муосиру ҷолиб, қаҳрамонҳои машҳури асарҳои бачагона – бузаки ҷингилапо, санҷобу кабк, гургу харгӯш, оҳу ва маймунҳои дар дарахтон овезон барои кӯдакону наврасон ин маконро ба шаҳри афсонаҳо табдил додаанд. Қариб ҳар рўз дар ин ҷо мушоҳида мегардад, ки чӣ тавр, бачаҳои хурдсол аз тамошои фаввораҳои рақсон ва арғунчакбозӣ серӣ надошта, дар як гӯшаи боғи мазкур гурӯҳи наврасон ба баскетболбозӣ ва дар канори дигари он чанд нафари дигар ба тамрини бадан машғул мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июль 3, 2023 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид