ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА-МУҚОБИЛИ КОРРУПСИЯ. Таҳти ин унвон Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон намуд

Июль 19, 2023 13:24

ДУШАНБЕ, 19.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳти унвони «Воситаи ахбори омма-муқобили коррупсия» оид ба тарғиботи зиддикоррупсионӣ озмуни ҷумҳуриявӣ  эълон намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.

Ба озмун мақолаҳое қабул мешаванд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои марказии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2023 дар мавзуи мубориза бар зидди коррупсия нашр гардидаанд.

Барои ҷои якум – 7 000 сомонӣ, ҷои дуюм – 4 000 сомонӣ, ҷои сеюм – 2 000 сомонӣ ҷоиза муқаррар гардида, фаъолон низ бо мукофот қадрдонӣ мешаванд.

Мақолаҳо барои иштирок дар озмун дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 декабри соли равон қабул карда мешаванд. Пешниҳоди рӯзнома ё маҷалла бо мақолаи нашргардида ҳатмӣ мебошад.

Озмун моҳи декабри соли 2023 ҷамъбаст мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд тариқи телефонҳои 221 40 65, 221 03 00 тамос гиранд ё ба воситаи почтаи электронии raysati_tnm@mail.ru мақолаҳояшонро ирсол намоянд. 

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 19, 2023 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид