Аз 1 август тамоми сохторҳои мақомоти шаҳри Душанбе барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)»-ро истифода мебаранд
ДУШАНБЕ, 11.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 август сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ, барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)»-ро дар фаъолияти кории худ истифода мебаранд. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Қарори мазкур бо мақсади таъмини пардохти ҳамаи андозҳою боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ ҷиҳати амалишавии марҳилаи якуми барномаи Пардохти ҳушманд (Smart Pay) ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






