Ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» таркибу паҳлуҳои алоқаи мобилӣ нишон дода шуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Корбарони фаъоли хизматрасонии «МегаФон Тоҷикистон» бо чашми худ диданд, ки шабакаи иборат аз ҳазор пойгоҳи базавӣ чӣ гуна кор мекунад, бо хадамоти мизоҷон аз наздик шинос шуданд ва фаҳмиданд, ки чӣ тавр дархосту шикоятҳои муштариён фавран баррасӣ мегарданд.
20 муштарии оператор имконияти беназири дидани «паси парда»-и алоқаи мобилиро пайдо намуданд. Дар шуъбаи идораи фаврӣ-техникӣ онҳо шоҳиди он шуданд, ки чӣ тавр мутахассисони техникӣ шабакаро дар реҷаи 24/7 назорат мекунанд, ҳамаи пойгоҳҳои базавии ширкат зиёда аз 3 ҳазорро ташкил медиҳанд, дар экрани калон инъикос меёбанд. Ба шарофати муосиркунонӣ иқтидори шабака соли 2023 тақрибан се баробар зиёд карда шуд. Ин чунин маъно дорад, ки шумораи бештари муштариён метавонанд ба интернет дастрасӣ пайдо кунанд ва аз он бо суръати баланд истифода баранд.
Иштирокчиён ба раванди хизматрасонӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, шоҳиди он шуданд, ки мушовирон ба саволҳои муштариён чӣ гуна посух медиҳанд. Дар байни масъалаҳои бештар паҳншуда — ивази тарофа, пайвасткунии опсияҳо, кумак дар танзими интернет дар смартфон ва ғ. дида мешаванд. Вақти миёнаи хизматрасонӣ 2 дақиқаю 45 сония аст. Агар савол дар бораи хизматрасонии мураккаб бошад, машварат метавонад то шаш дақиқа идома ёбад.
Кормандони ширкат баъд аз экскурсия дар идора оид ба хизматрасонии муфид маълумот доданд. Ҳамин тариқ, муштариёни оператори имконияти нави рақамӣ ба интиқоли фаврии маблағ ва қарзҳои «Орзу», инчунин хариди чиптаҳои ҳавопаймоӣ бо ёрии смартфон дастрасӣ доранд. Роҳи мувофиқи истифодаи хизматрасонии муосири рақамӣ — ин замимаи мобилии «МегаФон Life» мебошад.
Яке аз иштирокчиёни экскурсия Ситора гуфт, ки «вақте фаҳмидам, ки кори шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» то ин андоза аз ҷиҳати техникӣ мушкил аст, ба фикр афтодам. Ин қадар пойгоҳҳои базавӣ ва ҳар кадомаш таҳти назорат! Экскурсия ба мо имкон дод, бубинем, ки ширкат чӣ гуна барои муштариёнаш алоқаро таъмин мекунад».
«Тӯли панҷ сол мешавад, ки муштарии ширкат ҳастам ва аз сифати хизматрасонӣ қаноатмандам. Ҳоло маълум шуд, ки чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон ба ҳамаи ин ноил мегардад!»,– иброз дошт меҳмони дигари ширкат Мадина.
Дар ҷамъбаст роҳбари самти хадамоти мизоҷони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Фарангис Нурханова гуфт, ки «танҳо дар бораи фаъолияти мо шунидан кофӣ нест, муҳим аст, ки онро бо чашмони худ бубинем. Вохӯриҳои шахсӣ барои наздиктар шудан бо муштариён ва ба онҳо фаҳмотар гардидани кори мо кумак мекунанд. Аз ин рӯ, ба фикрам бояд онҳоро бештар даъват намоем!».
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






