Бар асари боронҳои шадид дар Лоҳури Покистон 9 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 10 нафар осеб бардоштанд

Июль 7, 2023 17:24

ДУШАНБЕ, 07.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи боронҳои шадид дар шаҳри Лоҳур (маркази маъмурии музофоти Панҷоб, шарқи Покистон), ки давоми 24 соати охир ба амал омад, 9 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 10 нафари дигар осеб бардоштанд. Тавре АМИТ«Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзи панҷшанбе раёсати наҷотдиҳии маҳаллӣ хабар дод.

Тавре раёсати Rescue-1122 иттилоъ дод, ҳалокшудагон аз зарбаи барқ вафот карданд, ғарқ шуданд ё дар зери харобаҳо мондаанд. Дар Лоҳур 291 мм борон борид, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар шаҳр тули 30 соли охир буд.

Тибқи иттилои наҷотдиҳандагон, як оилаи иборат аз чор нафар, аз ҷумла зану шавҳар ва ду фарзанди онҳо, шаби чоршанбе дар натиҷаи фурӯпошии боми хона дар минтақаи Мисри Шоҳ дар шаҳри Лоҳур ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон дар ноҳияи Токар Санни Парк писари 11-сола дар оби борон ғарқ шуд ва чаҳор нафари дигар, аз ҷумла як зан аз зарбаи барқ дар минтақаҳои гуногуни Лоҳур ҷон бохтанд.

Боронҳои рӯзи чоршанбе ва панҷшанбе боиси обхезии шаҳракҳо гардид ва ба инфрасохтор дар қисматҳои алоҳидаи шаҳр зарар расонд.

Тавре директори генералии Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят Имрон Куреши ба расонаҳои маҳаллӣ хабар дод, таҷҳизот ва кормандони раёсат дар сатҳи баланди омодабошӣ қарор доранд, бо назардошти он ки аксари роҳҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии шаҳр аз об пур шудаанд, он боиси банд шудани ҳаракат дар роҳҳо гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 7, 2023 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд