Бар асари гармӣ дар Ҷопон қариб 4000 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 19.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 9 июл дар Ҷопон 3964 нафар дар натиҷаи таъсири баланди Офтоб дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта 737 нафар зиёд аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи сешанбе вазири корҳои маъмурӣ ва иртиботи Токио Такэаки Матсумото дар нишасти матбуотӣ хабар додааст.
«Зиёда аз нисфи зарардидагон пиронсолон мебошанд. Мо аҳолиро ба дидани чораҳои асосӣ оид ба мубориза бо гармӣ, аз ҷумла истеъмоли мунтазами миқдори кофии об даъват менамоем», — таъкид намудааст роҳбари идора.
Давраи аз ҳама гармтарини ҳаво дар Ҷопон одатан ба моҳҳои июл ва август рост меояд. Рӯзҳои охир дар бисёре аз минтақаҳои кишвар ҳарорати аз 35 дараҷа боло мушоҳида мешавад. Ҳамасола дар Ҷопон гармои шадид сабаби дар беморхонаҳо бистарӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар гардида, садҳо нафари дигар мефавтанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






