Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 таҳия ва тасдиқ гардид

Июль 31, 2023 17:15

ДУШАНБЕ, 31.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ва «Дар бораи таъсиси корхонаҳои воҳиди давлатии «Маркази таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо» ва «Гурӯҳи ҷангалсозии Тоҷик»» тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва пешниҳод шуда, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, иттилоъ дод директори агентӣ Абдуҷаббор Юсуфзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Гуфта шуд, ки дар Агентӣ ҷиҳати бо мақсади дар оянда амалӣ намудани истеҳсол ва коркарди чӯби корӣ оид ба парвариши дарахтони зудафзоишёбанда, аз ҷумла павловния корҳои омӯзишӣ мебарад.

«То ин давра дар 8 қитъаи пилотӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Панҷакент, Варзоб, Шаҳритус, Хуросон, Данғара ва Кӯшониён ба миқдори умумии зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳолҳои павловния шинонида шуда, корҳои нигоҳубини ниҳолҳо дар асоси қоидаҳои агротехникӣ амалӣ мешаванд»,-гуфт директори агентӣ.

Тазаккур дода шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ ва ташкилоту муассисаҳои системаи он- ин пешбурди корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор мансуб мешавад.

Дар доираи амалисолии «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026», ки ҳадаф аз он нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату  маҳсулоти ҷангал маҳсуб мешавад, ба ҳолати 1 июли соли 2023 корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалзор ва бунёди плантатсияҳо дар майдони умумии 2458,6 гектар иҷро гардидааст. Аз он бунёди ҷангал 919,0 гектар, барқароркунии ҷангал 1498,6 гектар ва бунёди плантатсияҳои хуч, писта, чормағз ва дигар намуди дарахтон майдони 41 гектарро ташкил медиҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 31, 2023 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд