Бузургтарин пиряхи ҷаҳон дар Антарктида ба ҳаракати фаъол шуруъ намуд
ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Баъди зиёда пас 30 соли ҷудошавӣ аз қисми асосии Антарктида он бо суръати беш аз 150 км дар як моҳ ба ҳаракати фаъол шуруъ намуд, хабар доданд дар хадамоти матбуоти Институти илмӣ-тадқиқотии Арктика ва Антарктика (ИИТАА), иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии ТАСС.
«Мутахассисони Маркази ахбори ях ва обуҳавосанҷии ИИТАА ҳаракати калонтарин пиряхи сайёра А23а — ро, ки қаблан дар он пойгоҳи мавсимии илмии шӯравии «Дружная-1» воқеъ буд, мушоҳида намуда истодаанд. Дар оғози зимистони Антарктида, баъди беш аз 30 сол пас аз ҷудо шудан аз пиряхи Антарктида он ба ҳаракати фаъол бо суръати беш аз 150 км дар як моҳ оғоз намуд. Дар айни ҳол пирях дар баҳри Уэддел, қад-қади соҳили Антарктида ҳаракат менамояд», — изҳор доштанд дар хадамоти матбуотӣ.
Майдони пирях тақрибан 4170 км. кв-ро ташкил медиҳад. Моҳи сентябри соли 1986 як миқдор майдони ях аз пиряхи Филчнер канда шуд. Дар мавзеи пошхӯрда се пиряхи азим ба вуҷуд омад, ки дар яке аз онҳо пойгоҳи мавсимии «Дружная-1» ҷойгир гардид.
Пас аз ҷудо шудан аз тунукобаи баҳр пирях зуд дар қисми ҷанубии баҳри Антарктикаи Уэдделл ба ҷазираи яхин табдил ёфт. Акнун пирях аз сабаби таъсири ҷараёнҳои об аз ҷояш кӯчидааст.
Олимон ишора мекунанд, ки ояндаи пиряхи A23a аз якчанд омил вобаста мебошад: таъсири ҷараёнҳо, баромадани релефи зериобӣ, вазъияти обу ҳаво. Эҳтимол аст, ки худи ҳамин сол ниҳоят пирях ба оби тоза бароварда шавад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: travelask.ru








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






