Чиптаҳои ҳавопаймоӣ – дар «МегаФон Life». Харидани он акнун бо ёрии смартфон дар замимаи мобилии «МегаФон Life» имконпазир аст
ДУШАНБЕ, 06.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Банди «Хизматрасонӣ оид ба хариди чиптаҳои ҳавопаймоӣ» дар қисми «Хизматрасониҳо»-и ҳамёни замимаи мобилии «МегаФон Life» қарор дорад. Истифодабарандаро зарур аст, ки нуқтаи таъинот ва санаро қайд карда, дараҷаи парвозро интихоб кунад. Барои ҷустуҷӯи нисбатан дақиқ метавон поксозҳои қисми болоии экранро ба кор бурда, ширкати ҳавопаймоӣ, хатсайри қулай, парвоз бо бағоҷ ё бе он, вақти парвоз ва фурудоиро интихоб намуд. Баъди пахши тугмаи «Пайдокунии чиптаҳо» дар экран ҳамаи шаклҳои дастрас пайдо мешаванд.
Бо интихоби чиптаи даркорӣ истифодабаранда метавонад маблағи онро бо қайди маълумоти худ ва сипас бо гузаштан ба қисми пардохт бо ёрии «Ҳамён»-и мобилӣ, бо истифода аз корти бонкии дар замима бақайдгирифташуда ё тариқи тахфифӣ пардохт намояд. Харидани чипта инчунин ба насия тавассути маҳсулоти қарзии «Орзу» аз ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» имконпазир аст. Чиптаи ҳавопаймоиро сипас метавон ба почтаи электронӣ ирсол намуд, боргирии он дар қисми «Фармоишҳои ман» дастрас боқӣ мемонад. Худи ин ҷо метавон ҳолати чиптаи бандкардашударо пайгирӣ кард.
«Афзалияти асосии хизматрасонии нав – сарфаи вақт ва қулайнокии пардохт мебошанд. Акнун чиптаи ҳавопайморо метавон аз хона ё идора набаромада ба даст овард. Тамоми маълумоти барои ин кор зарурӣ дар як ҷой ҷамъ оварда шудааст, аллакай зарур намеояд, ки вориди сомонаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ шуда, пешниҳодҳои онҳоро муқоиса намоед, гузашта аз ин, рафтан ба хазинаҳои фурӯши чиптаҳо умуман лозим нест», — мегӯяд роҳбари самти хизматрасониҳои молиявии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Улуғбек УРУНОВ.
Замимаи «МегаФон Life»-ро метавонед аз App Store, Google Play ва Huawei App Gallery боргирӣ намоед.
АКС: Ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






