Дар деҳаи Ғусгарфи ноҳияи Варзоб мумфаршкунии роҳ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 15.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мумфаршкунии роҳи Кумитаи маҳаллаи деҳаи Ғусғарфи Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар доданд.
Иқдоми мазкур аз ҷониби сокинони Кумитаи маҳаллаи деҳаи Ғусғарф ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб амалӣ гардида, дарозии роҳи мумфаршшаванда 2 километру 60 метр ва паҳноияш 4 метрро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди кумитаҳои маҳаллаи деҳаҳои ҳудуди ноҳия корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷо бо сокинон барои истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тамоми имконият истифода мебаранд.
Сокинони ноҳияи Варзоб бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ба анҷом мерасонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






