Дар Душанбе масоили омодагӣ ба офатҳои эҳтимолӣ ва ё ҳолатҳои буҳронӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 19.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо сарварии мутахассис оид ба рушди шаҳр ва идораи хатари офатҳои бонк масъалаҳои алоқаманд ба муайян намудани вариантҳои имконпазири шароити триггерӣ барои таъмини дастрасии фаврӣ ба шароити бартарафшавандагӣ ҳангоми омодагиҳо ба офатҳои эҳтимолӣ ва ё ҳолатҳои буҳронӣ баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Ҳадафи аслии мулоқот- баррасии механизмҳои истифодаи захираву имконияти Бонки ҷаҳонӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани офатҳо ва расонидани ёриҳо ба аҳолии зарардида, ҳамчунин дастгирии тадбирҳои аввалиндараҷаи андешида оид ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Роҳбарияти Кумита ба меҳмонон дар бораи сохтмони Маркази миллии таълимӣ барои тайёр намудани мутахассисон, бунёди Марказ барои омода намудани ғаввосон, Маркази кинологӣ, идомаи сохтмони Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ дар дастгоҳи марказӣ ва оғози сохтмони ин марказ дар минтақаҳо маълумот дод. Ғайр аз ин масъалаҳои ташкили тамринҳо, давраҳои омӯзишӣ ва семинарҳо барои кормандони ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ байни Бонки ҷаҳонӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба рушду тавсеа меорад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






