Дар Душанбе оид ба дастовардҳои селексионии такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Канада, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Покистон Конфронси байналмилалии илмию амалии «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маърузаҳое, ки дар конфронси имрӯза ба иштирокдорон пешниҳод гардид, дар маҷмуаи маводи конфронси байналмилалӣ нашр шудаанд.
Олимон ва мутахассисони соҳа пешниҳод намуданд, ки ҳамкорию шарикии байналмилалӣ дар соҳаи ҳифз ва рушди афзоишу парвариши гӯсфандони зоти думдор, аз ҷумла парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ тақвият бахшида шаванд.
Конфронс 29 июл дар мавзеи Хоҷа Сангхоки Ҷамоати деҳоти Зиддеҳи ноҳияи Варзоб идома меёбад.
Дар ҷараёни намоиши гӯсфанди зоти ҳисорӣ беҳтарин зотпарварон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд.
Мақсад аз баргузории конфронс таҳлил ва инъикоси мавод оид ба вазъи имрӯзаи гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик, натиҷаҳои бадастомада дар самти беҳтар намудани сифатҳои ирсӣ ва маҳсулнокӣ, истифодаи оқилона, васеъ намудани минтақаи парвариши ин зоти гӯсфандон ва дар ин асос таҳияи нақшаҳои стратегии рушди устувори соҳа бо дарназардошти дастоварду таҷрибаҳои пешқадами илм ва амалия ба шумор меравад.
АКС аз манбаъҳои боз








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






