Дар Фархор ба мумфаршкунии 6 километр роҳҳои маҳаллӣ шуруъ намуданд

Июль 6, 2023 15:36

ДУШАНБЕ, 06.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳи кўчаи ба номи Ш. Насруллоеви шаҳраки Фархор дар масофаи як километр мумфарш гардида истодааст. Ин амал бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ рўи кор омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор хабар медиҳад.

Дар оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ иштирок намуда, иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки давра ба давра дар дигар кўчаву маҳаллаҳои деҳот, ба хусус деҳоти «Зафар», «Истиқлол» ва Ҷамоати шаҳраки Фархор соли равон зиёда аз 6 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияро мумфарш намояд.

Бояд гуфт, ки дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати вусъат додани корҳои ободонӣ бахшида ба сазовар пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳияи Фархор вусъати тоза пайдо намудааст.

Масъулин талош доранд, ки иншооти ҷашниро то муҳлати муайянгардида сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд ва ин ҷашни фархундаро бо дастоварҳои назаррас пешвоз гиранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор

Июль 6, 2023 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд