Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ масъалаи ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 июл дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии роҳбарияти Кумита бо намояндаи навтаъйини доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамоҳангсози доимии он дар Тоҷикистон доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни Кумита ва сохторҳои Созмон, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба лоиҳаҳои амалӣ дар Тоҷикистон ва чорабиниҳои дарпешистода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбарияти Кумита асосан дар бораи фаъолияти Кумита ва сохторҳои он маълумот дода, аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба бо сохторҳои дахлдори Созмони мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти истифодаи васеи имкониятҳои ҳамкориро таъкид намуд.
Тазаккур дода шуд, ки Кумита дар чорабиниҳо ва машқҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби сохторҳои дигари Созмон ташкил карда мешаванд, фаъолона иштирок менамояд.
Намояндаи Созмон дар навбати худ иброз дошт, ки дар Тоҷикистон дар самти идоракунии хатари офатҳои табиӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва рафъи оқибатҳои онҳо корҳои муҳим анҷом дода шудаанд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо нақшаҳои чорабиниҳои муштарак оид ба огоҳсозии барвақти аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва татбиқи Созишномаҳои имзошударо баррасӣ намуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!






