Дар ноҳияи Синои пойтахт қуттиҳои махсус барои зарфҳои пластикӣ насб шуданд
ДУШАНБЕ, 14.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Барои тозагии ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аввалин маротиба дар панҷ мавзеи сераҳолии ноҳия қуттиҳои партов барои зарфҳои пластикӣ гузошта шуданд. Дар назар аст, ки чунин қуттиҳо дар дигар ҷойҳои серодам низ насб гарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино хабар медиҳад.
Ҳоло ин қуттиҳои партов барои зарфҳои пластикӣ дар назди «Боғи ҳайвонот», «Кӯли ҷавонон», «Кохи Наврӯз» ва Филармонияи давлатӣ гузошта шудаанд. Ин қуттиҳо махсус барои зарфҳои пластикӣ пешбинӣ гардидаанд. Ҳадаф аз насби чунин қуттиҳо- тоза нигоҳ доштани ҳудуди ноҳия, ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи зарфҳои пластикӣ ва ба ин васила коҳиш додани таъсири манфии зарфҳои пластикӣ ба табиат мебошад.
Дар шакли зарфи пластикӣ сохтани қуттиҳо таваҷҷуҳи сокинонро ба худ ҷалб мекунад ва метавонад ба баланд бардоштани маърифати сокинони ноҳия мусоидат кунад.
Таҳияи қуттии махсус барои зарфҳои пластикӣ ва насби он дар ҷойҳои серодам моҳе қабл дар ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт баррасӣ гардида, ҳоло он амалӣ карда мешавад.
Масъулини мақомот кӯшиш менамоянд, ки дар наздиктарин фурсат чунин қуттиҳоро дар тамоми мавзеъҳои серодами ҳудуди ноҳия гузоранд.
Қуттиҳои мазкур дар Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти махсуси партовҳои сахтӣ маишӣ» дар ноҳияи Сино сохта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан чунин қуттиҳо дар шимоли мамлакат- шаҳри Хуҷанд ва шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд насб гардида буд, ки таваҷҷуҳи сокинонро ба худ ҷалб намуд. Маротибаи аввал аст, ки чунин қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳри Душанбе насб мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино








«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






