Дар Покистон бар асари сӯхтори манзили истиқоматӣ 10 нафар ба ҳалокат расиданд

Июль 13, 2023 13:49

ДУШАНБЕ, 13.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбе бар асари сӯхтори манзили истиқоматии 3-ошёна  дар музофоти Панҷоби Покистон 10 узви як хонавода ба ҳалокат расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус полиси маҳаллӣ хабар дод.

Тавре полис ба расонаҳои маҳаллӣ баён намудааст, субҳи чоршанбе дар яке аз манзилҳои истиқоматии Лоҳур (маркази маъмурии вилояти Панҷоб) сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа тамоми аъзои ин хонавода дар он дармондаанд.

Гуфта мешавад, ки дар байни ҳалокшудагон 7 зан ва кӯдак низ ҳаст. Барои муайян кардани сабабҳои сар задани сӯхтор тафтишот оғоз шудааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 13, 2023 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе