Дар шаҳри Хоруғ таҳкурсии пули дарозтарини мошингузар гузошта шуд
ХОРУҒ, 30.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди калонтарин пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирии танбашавӣ дар хиёбони марказии шаҳр оғоз гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад.
Бунёди ин иншоот дар чаҳорчӯби сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ амали мешавад. Марҳилаи чоруми «Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи марказӣ» дар шаҳри Хоруғ моҳи июн оғоз гардида, дар айни ҳол сохтмончиён ба сангчинӣ дар дохили қафасҳои симин оғоз намудаанд. Тибқи нақшаи сохтмонӣ, ин деворҳои симтӯрдор бо баландии аз 9 то 12 метр дар ду қабат сохта хоҳанд шуд ва дохили қабатҳои симтӯр аз регу хок пур мешавад, ки усули наву босифати бунёди пулҳои муосир маънидод мегардад.
Фармоишгари сохтмони мазкур Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкори иншоот Ширкати роҳсозии Чайна Роуд мебошад.
Ба иттилои муҳандиси сохтмон Тсао Сяо Ян, дарозии пул 200 метр буда, паҳноии он 15 метрро ташкил медиҳад, ки аз он 10 метрро роҳи мошингард ва панҷ метрро роҳи пиёдагарди ду тарафи пул ташкил медиҳанд. Замину боғот ва хоҷагиҳои шахсие, ки дар масири сохтмони ин пул қарор доштанд, пурра аз маҳали сохтмон кӯчонида шуданд.
Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ қарор аст, ки дар зери пули мошингузар барои пиёдагардон низ пул бунёд гардида, дар маҷмуъ барои пайваст шудан ба роҳи асосӣ 1 километру 90 метр роҳу пул бояд сохта шавад. Мутобиқи нақша, рӯзҳои наздик барои сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ техникаи иловагии корӣ, аз ҷумла 10 нақлиёти калонҳаҷми худрез, 6 экскаватор, 6 боркунаки фронталӣ, 2 обкаш, 2 грейдер ба кор ҷалб мегарданд.
Дар назар аст, ки дар муҳлати дуюним сол дар шаҳри Хоруғ калонтарин пули мошингузар мавриди истифода қарор гирад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






