Дар шимоли Ҳиндустон бар асари боришоти пуршиддат тақрибан 28 нафар ҳалок шуданд
ДУШАНБЕ, 10.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шимоли Ҳиндустон бар асари бориши сахти муссонӣ тақрибан 28 нафар ба ҳалокат расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, рӯзи душанбе рӯзномаи The Times of India хабар додааст, ки борон боиси обхезӣ, ярч ва фурӯ рехтани биноҳо дар ҳавзаи миллии Деҳлӣ (ба он Деҳлии Нав шомил аст) ва инчунин дар музофотҳои Ҳимачал-Прадеш, Уттаракҳанд, Панҷоб, Ҳаряна ва Роҷистон гардидааст.
Дар минтақаҳои наздикӯҳӣ дарёҳои Рави, Биас, Сатлеҷ ва Ченаб аз соҳилҳо баромаданд. Вазъияти ҷиддӣ дар музофоти Ҳимачал-Прадеш ба вуҷуд омад, ки дар он ҷо селҳо ва обхезиҳо бар асари боришоти шадид ҳаёти муқаррарии якчанд ноҳияро фалаҷ кардаанд. Маҷрои обу лой хонаҳо, мағозаҳо, мошинҳои сабуку боркашро шуста бурд. Дар Уттаракҳандии ҳамсоя низ селҳо ва обхезиҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки дар он ҷо сатҳи об дар дарёҳо аз сатҳи хатарнок зиёдтар аст.
Мақомоти пойтахти Ҳиндустон иттилоъ доданд, ки тибқи пешгӯиҳо, рӯзи 11 июл сатҳи оби дарёи Ямуна, ки Деҳлӣ дар он ҷойгир аст, аз ҳадди хатар боло хоҳад рафт. Сарвазири Деҳлӣ Арвинд Кеҷривал дар Твиттер навишт, ки ӯ ба мансабдорон дастур додааст то ҳушёр бошанд ва вазъро бодиққат назорат кунанд.
Рӯзи якшанбе меъёри аз муқарар зиёд — дар як шабонарӯз 153 мм ба қайд гирифта шуд. Рӯзи душанбе ҳамаи мактабҳо дар Деҳлии Нав ва чанд маҳаллаи атрофи он баста мешаванд. Дар шаҳр 16 нуқтаи диспетчерӣ барои назорати вазъият дар минтақаҳои ба обхезӣ мубталошуда таъсис дода шудааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Евгений Пахомов / ТАСС








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






