Дар вилояти Суғд 7 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 23.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар 6 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 7 иншооти соҳаи маориф бо 1820 ҷои нишаст ба истифода дода шуда, дар 53 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Бояд таъкид кард, ки дар соли таҳсили 2022-2023 дар вилоят дар 946 муассисаи таҳсилоти умумӣ 571729 нафар, аз ҷумла 280773 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар вилоят нисбат ба соли таҳсили 2021-2022 шумораи муассисаҳои таълимӣ 2 адад зиёд аст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар вилоят 279 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 205 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 61 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намудаанд.
АКС аз байгони








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






