Дар Ёқутистон калонтарин танӯраи яхбандии абадии ҷаҳон ба обшавии босуръат шуруъ намуд

Июль 30, 2023 12:20

ДУШАНБЕ, 30.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз сабаби гармшавии глобалӣ хамии Батагай (Ёқутистони Русия), бузургтарин танӯраи яхбандии абадии ҷаҳон ба обшавии босуръат шуруъ намуд. Тавре АМИТ«Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ хабар додааст.

Хамии Батагай (Батагайка) бо дарозии 1 км ва чуқурии то 100 метр- чуқурии термокарстӣ дар минтақаи қаторкӯҳи Черский дар ноҳияи Верхояни Ёқутистон ҷойгир мебошад. Сокинони маҳаллӣ онро «даромадгоҳи олами зеризаминӣ» меноманд. Институти масъалаҳои физикӣ, химиявӣ ва биологии хокшиносии Маркази илмии ба номи Пушинскийи Академияи илмҳои Русия изҳор намуд, ки танӯра нуқтаи нодири табиие аст, ки таърихи заминро дар яхбандии абадии зиёда аз ним миллион сол нишон медиҳад.

Коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки дар ҷараёни обшавӣ чуқурӣ васеъ гардида, ба сангҳо мерасад ва бо мурури замон ин минтақаро дубора ҷангал пахш хоҳад намуд. Аммо хатар дар он аст, ки бо чунин фурӯравии бузурги замин миқдори зиёди газҳои гулхонаии дар хок нигоҳ дошташуда ба фазо партофта мешаванд, ки минбаъд ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамоянд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АЗЕРТАҶ

Июль 30, 2023 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад