Давоми 15 сол сатҳи камбизоатӣ дар 25 давлат ду баробар коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 14.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлили омори 22 -солаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар 15 соли охир дар 25 давлати ҷаҳон сатҳи камбизоатӣ ду баробар коҳиш дода шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Гузориши таҳиянамудаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Ташаббуси камбизоатӣ ва рушди инсонии Оксфорд нишон медиҳад, ки то соли 2030 ба ҳадафи рушди устувор расидан ва ду баробар коҳиш додани камбизоатӣ имконпазир аст.
Бузургтарин коҳиши камбизоатӣ дар Ҳиндустон мушоҳида шудааст. Дар ин давлат ҳамагӣ тӯли 15 сол шароити 415 миллион нафар беҳтар шудааст. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз камбизоатӣ 69 миллион нафар ва дар Индонезия 8 миллион нафар баромадаанд.
Тибқи гузориши нав, дар 110 давлати ҷаҳон аз 6,1 миллиард нафар 1,1 миллиард нафар (на камтар аз 18 дарсад) дар фақр ба сар мебаранд. Дар Африқои Ҷануби Сахара (534 миллион нафар) ва Осиёи Ҷанубӣ (389 миллион нафар) тақрибан аз шаш нафар панҷ нафар камбизоат мебошад.
Тақрибан аз се ду ҳиссаи тамоми камбизоатон (730 миллион нафар) дар давлатҳои дорои даромади миёна ва беш аз сеяки онҳо дар кишварҳои камдаромад зиндагӣ мекунанд, гарчанде онҳо танҳо 10 фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд.
Кӯдакони то синни 18-сола нисфи камбизоатонро (566 миллион нафар) ташкил менамоянд. Сатҳи камбизоатӣ дар байни кӯдакон 27,7 дарсад ва дар байни калонсолон 13,4 дарсад мебошад. Камбизоатӣ асосан ба манотиқи деҳот таъсир мерасонад. 84 дарсади тамоми камбизоатҳо дар деҳот зиндагӣ менамоянд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
Акс: ЮНИСЕФ








Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд






