Доир ба Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ҳамоиш баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 19.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 июл дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавзуи «Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040: афзалият ва натиҷаҳои ноилшаванда» ҳамоиш доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар вазорати номбурда хабар доданд.
Бояд гуфт, ки Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 иқдоми муҳими иқтисодию иҷтимоӣ барои Тоҷикистон ба шумор рафта, барои иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар самти муҳоҷират бо инобати шароити имрӯзаи муҳоҷират, тамоюлҳои мусбати устувор, рушди алтернативӣ, дурнамо ва сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат таҳия гардидааст.
Стратегия маҷмуи мақсадҳо, самтҳо ва масъалаҳои афзалиятноки танзими равандҳои муҳоҷиратро дар бар гирифта, шаклу усулҳои амалисозии онҳоро дар асоси таҳлили омилҳои устувор пешбинӣ менамояд.
Стратегияи мазкур дар шаш марҳила дар асоси нақшаҳои миёнамуҳлати амал барои солҳои 2023-2025, 2026-2028, 2029-2031, 2032-2034, 2035-2037 ва 2038-2040 амалӣ мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






