Хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳри Бохтар беҳбудӣ мехоҳад

Июль 29, 2023 13:52

БОХТАР, 29.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ додааст.

Баррасии вазъи хизматрасонии коммуналӣ ва тозагиву ободонӣ дар маркази маъмурии вилоят аз ҷумлаи масъалаҳои асосии ҷамъомади мазкур буд.

Раиси вилояти Хатлон вобаста ба вазъи партовгоҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва баровардани партовобҳои истеъмолкунандагон, истифода ва таъмини хизматрасонии иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ, тозагии санитарӣ, ободонӣ, сабзазоркунӣ дар шаҳри Бохтар изҳори назар намуда, фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Бохтарро дар ин самт ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд.

Ба таъкиди раиси вилоят, масъулони шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои дахлдор бояд ҳифзи муҳити атрофро бо мақсади муҳофизати ҳаёт ва саломатии инсонҳо таъмин намоянд, талаботи қонунгузории санитарӣ ва ҳифзи табиатро таъмин намуда, вайронкунандагони ин талаботро ба ҷавобгарӣ кашанд, назорати давлатиро оид ба риоя намудани қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ ва бехатарии экологӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо тақвият бахшанд.

Гуфта шуд, ки дар баробари ин, масъулони бахши идеологӣ дар байни аҳолӣ меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳоро шарҳу тафсир дода, онҳоро ба риояи маданияти шаҳрнишинӣ даъват кунанд.

Муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ба ҷамъоварии партовҳо ҳамчун ашёи хоми дуюмдараҷа низ аз вазифаҳои муҳими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад.

Дар ҷаласа вобаста беҳтар кардани таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, тақвият додани корҳои ободонӣ ва гулу дарахтшинонӣ дастурҳо дода шуд.

Иброз гардид, ки масъалаи таъмини бехатарии санитарӣ ва дастрасии пурраи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти давлату Ҳукумат маҳсуб шуда, ин раванд дар мамлакат тавассути татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ марҳила ба марҳила амалӣ мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар

 

Июль 29, 2023 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст