Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳаво то 45 дараҷа гарм мешавад

Июль 13, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 13.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, гармии он рӯзона дар баъзе ноҳияҳо то 43+45 дараҷа мерасад. Шиддатёбии вазиши шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 10-15 метр дар як сонияро ташкил медиҳад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 2+7 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 38+43 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои  камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 41+46 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 38+43 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 0-5 дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 40+42 дараҷа гарм мешавад.

Июль 13, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад