Имрӯз дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Кӯшониён доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳияи Кӯшониён ба сокинону меҳмонони пойтахт картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, себ, ангур, шафтолу, зардору, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, меваи хушк, лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳод гардид.
Мутахассиси соҳаи кишоварзии ноҳияи Кӯшониёни Саидбурҳон Қувватов зимни суҳбат иброз намуд, ки «ноҳияи мо, аслан ноҳияи кишоварзӣ буда, соҳаи муҳимми хоҷагидории онро пахтакорӣ, махсусан навъҳои маҳиннах, ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ноҳия ғаллакорӣ (гандум, ҷав, ҷуворимакка, шолӣ ва ғайра), боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ, лимупарварӣ, кишти зироати хӯроки чорво, пилапарварӣ, занбӯрпарварӣ, чорводорию парандапарварӣ тараққӣ кардааст. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ 17065 гектар заминҳои корами обӣ ҳамасола ба кишти зироати кишоварзӣ вобаста мегарданд. То имрӯз тамоми дурнамои кишт иҷро гардида, барои самаранок истифода гардидани заминҳо мо аз замини зери боғҳои ҷавон истифода бурда, баъзе намуди сабзавот ва хӯроки чорво кишт менамоем».
«Дар ноҳия соли ҷорӣ дурнамои кишт беш аз 104 фоиз иҷро гардид. Истеҳсоли сабзавот дар ноҳия хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва то инҷониб зиёда аз 50 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол гардидааст. То охири сол ният дорем аз кишти такрорӣ ва асосӣ истеҳсоли сабзавотро ба 60 ҳазор тонна расонем. Имрӯз, тавре мебинед, маҳсулоти кишварзии ноҳия ба сокинони пойтахт бо нархи дастрас пешкаш карда шуд, ки ин иқдом барои фаровонии дастархони мардум ва баланд бардоштани некуаҳволии онҳо мусоидат хоҳад намуд»,-илова кард Саидбурҳон Қувватов.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳия ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас, аз ҷумла 1 кг картошка 4 сомонӣ, пиёз — 1,50, сабзӣ -3 , дигар намуди меваву сабзавот аз 2 то 5 сомонӣ, гӯшти гов — 55, тарбузу харбуза 10 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуд.
Ногуфта намонад, ки ноҳияи Кӯшониён дар баробари намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, бегоҳии имрӯз, аз соати 17:00 то 20:00 намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғи мазкур баргузор менамояд.
Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






