Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 2 дараҷа паст мегардад
ДУШАНБЕ, 03.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 17-22 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мефарояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб бо шиддати 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 1+6 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа, рӯзона 30+35 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 34+39 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.








Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд






