Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Июль 23, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 23.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат рӯзона то ба 42 дараҷа мерасад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо гузариш ба самти шарқ 10-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо гузариш ба шарқ бо шиддати 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 5+10 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9  ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 35+40 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ҷанубу ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Июль 23, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷойгоҳи зан дар даврони Истиқлол»-таҳти чунин унвон дар Левакант конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Ҳунарҳои мардумӣ бо усули «хона ба хона» ва «маҳалла ба маҳалла» тарғиб карда шуданд
Дар ноҳияи Муъминобод 26 китобхона фаъолият менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
Даври дуюми Фестивал-озмуни «Андалеб-2025» дар ноҳияи Рӯдакӣ аз рӯйи 12 номинатсия доир шуд
Дар ноҳияи Ёвон хонандагону омӯзгорон суханронии Сарвари давлатро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ тамошо карданд
Дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд соли нави таҳсил бо тамошои суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш оғоз гардид
Дар Истаравшан татбиқи Лоиҳаи «Фаъолият дар самти таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
34 СОЛИ ПУР АЗ САМАР. Мулоҳизаҳои директори Маркази тадқиқоти стратегӣ доир ба таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон