Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд

Июль 15, 2023 08:37

ДУШАНБЕ, 15.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда, асосан бебориш шуда, бинобар сабаби вазиши сахти шамол чангу ғубор ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб бо шиддати 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 3+8 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа, рӯзона 32+37 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо бо суръати то 10-15 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 34+39 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 23+25 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Июль 15, 2023 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид