КАМ ШУДАНИ МАСОҲАТИ ТУҒАЙЗОР-ОМИЛИ ЗУД-ЗУД БА АМАЛ ОМАДАНИ ЧАНГУ ҒУБОР. Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ

Июль 21, 2023 09:01

ДУШАНБЕ, 21.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 19 то 21 июл бо сабаби омилҳои метеорологӣ аз навоҳии ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба мамлакат чангу ғубор ворид мешавад. Дар ин муддат дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷанубу марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ва ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд афзудани олудагиҳо дар ҳаво ба андозаи  10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5) дар назар аст.

Ба гуфтаи муовини Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева, ба амал омадани чангу ғубор дар фасли тобистон ҳодисаи муқаррарӣ буда, танҳо имсол ин ҳолат барвақттар ва зуд-зуд ба амал омад.

«Тобистону тирамоҳ аслан айёми ба амал омадани чангу ғубор мебошанд. Зеро дар ин фаслҳо бориш камтар ба назар мерасад, дар биёбонҳо борон тамоман ба амал намеояд ва бо вазиши сахти шамол чангу ғубор ба ҳаво мехезанд»,-изҳор дошт Ҷ. Байдуллоева.

Бояд гуфт, ки солҳои охир дар минтақа ва мамлакати мо пайи ҳам тӯфонҳои чангӣ, ки бо номҳои хокбориш, тӯфони афғонӣ, хокбориши афғонӣ, тумани ғуборолуд, гарду ғубор ва ғайра  маъмул шудаанд, ба амал омада истодаанд. Омили асосии сар задани онро олимон ба тағйирёбии иқлим, болоравии ҳарорати миёнаи кураи Замин ва вобаста ба он биёбоншавии қисматҳои гуногуни сайёра, ки оқибатҳои ногувор ба бор оварда истодаанд, рабт медиҳанд. Имрӯз таъсири манфии ин тӯфонҳо ба экология ва муҳити зист, саломатии инсонҳо, иқтисодиёти давлатҳо ва дигар самтҳои ҳаёти инсонӣ  баръало мушоҳида мешавад.

Тавре Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим изҳор доштанд, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад. «Таъсири манфии ин падидаи глобалӣ ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза низ торафт муайян мегардад. Дар Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ муҳим мебошанд, ба мушоҳида мерасад. Тибқи мушоҳидаҳо, давоми 70 соли охир тақрибан 35 фоизи пиряхҳои хурдҳаҷми Тоҷикистон талаф ёфтаанд. Аз 13 ҳазор пиряхе, ки дар кӯҳсори Тоҷикистон ҷойгир ҳастанд, то имрӯз як ҳазораш нобуд гардидааст. Ва ин дар ҳоле аст, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд»,-баён доштанд Роҳбари давлат.

Ба таъкиди Пешвои миллат, тамоми давлатҳои минтақаи мо аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки метавонад боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба вазъи  обу энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад, нигарон мебошанд.

Илова бар ин солҳои охир зиёд гардидани ҳодисаҳои хокбориш, тӯфонҳои чангӣ, олудашавии ҳаво ва  пайи ҳам рух додани таркишҳо дар қаъри Офтоб, инчунин  зиёд шудани тӯфонҳои магнитӣ, ки ба саломатии сокинони мамлакат таъсири манфӣ мерасонанд, аҳолиро ба ташвиш овардааст.

Оқибатҳо ва омили сар задани чангу ғубор таҳқиқи иловагӣ металабад

Коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев изҳор медорад, ки агар таъсири боди афғонӣ дар солҳои 30-юм тақрибан 10-15 дақиқа давом мекард, солҳои 60-70-ум он ба 1-2 соат ва аз ин бештар расида буд. Ҳоло давомнокии он ба рӯзҳо расидааст.

«Агар аз нигоҳи илмӣ гӯем, олимон солҳои 30-юм зимни таҳқиқи ин ҳодиса пешгӯӣ намуда буданд, ки агар  пеши роҳи биёбоншавӣ гирифта ва омилҳои сар задани ин ҳолат омӯхта нашавад, эҳтимол ояндаи наздик раванди идомаёбии боди афғонӣ на чанд рӯз, балки ба моҳҳо расад. Яке аз сабабҳои асосии сар задани он дар ҷумҳурии мо- ин кам шудани масоҳати туғайзор мебошад. Мо замоне ин равандро пешгирӣ намуда метавонем, ки барои сабзазоркунии муҳити атроф ва як дараҷа эҳё намудани туғайзори мамлакат тадбирҳои мушаххас андешем»,-афзуд коршинос.

Ёдовар мешавем, ки туғайзор ҳамвориҳои гарми ҷумҳуриро дар бар гирифта, асосан аз буттаву дарахтони туронға, ҷигда, газ ва ғайра иборат мебошад. Ба туғай гиёҳҳои хӯшадори қадбаланд- най, сарнай, найшакари худрӯй хос мебошанд. Ба андешаи коршиноси экологӣ Ҳасан Асоев, туғайзор масоҳатеро меноманд, ки дар он найзор нумӯъ намудааст. «Туғайзор бештар дар ҷойҳое, ки ҷангал ба назар намерасад, нақши онро мебозанд. Онҳо асосан муҳитро аз гармӣ ва ҳар гуна бодҳои афғонӣ ҳифз намуда, дар таносуби мувозинати табиӣ нақши муассир доранд. Агар зимни сабзазоркунии ҷумҳурӣ аз дарахтони маҳаллӣ, аз ҷумла чинор, маҷнунбед истифода бурда шавад, ба манфиати кор мебуд, зеро ин растаниҳо дар нигоҳдошти чангу ғубор то андозае саҳм дошта метавонанд»,-шарҳ дод коршинос

Бояд гуфт, ки тайи чор соли охир — солҳои 2020-2023 такроршавии чунин хокборишҳо ва тӯфонҳои чангӣ дар Тоҷикистон афзуда, зарар ва оқибатҳои он мушоҳида мешавад. Вале, ба гуфтаи коршинос Ҳасан Асоев, дар айни замон сабаб, оқибат ва таркиби ин тӯфонҳо пурра омӯхта нашудааст ва он аз олимон таҳқиқоти иловагӣ талаб менамояд. «То даме, ки сабабу оқибатҳои таъсири манфии ин ҳодиса омӯхта ва таҳқиқ карда нашавад, наметавон пеши роҳи онро гирифт. Таҳқиқи ин ҳодиса то солҳои 60-уми асри гузашта анҷом дода шудаасту халос. Хуб мешуд, агар он пурра ва дақиқ таҳқиқу баррасӣ  мешуд»,-изҳор медорад Ҳ.Асоев.

Ба таъкиди коршиносони соҳа, ҳудуди давлатҳои Осиёи Марказӣ бо иқлими континенталии ба худ хос бештар ба таъсири харобиовари тӯфонҳои хокӣ ва регӣ дучор меояд. Мушкилоти таназзули замин ва биёбоншавӣ дар ҳудуди Тоҷикистон низ ба назари онҳо сол то сол бештар хусусияти муҳим гирифта истодааст. Зеро тағйирёбии иқлим, нобуд кардани ҷангалҳо, усулҳои номатлуби обёрӣ, истифодаи аз ҳад зиёди заминҳои кишоварзӣ ба паст шудани сатҳи истифодаи замин оварда расонида, дар навбати худ таъсири чангу ғубор боиси паст гаштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ мегардад.

Табибон: Дар ҳавои ғуборолуд бе зарурат ба берун набароед

Тӯфони чангу ғубор на танҳо ба табиату кишоварзӣ, балки, пеш аз ҳама, ба инсон таъсири манфӣ мерасонад ва сабаби авҷ гирифтани бемориҳо мегардад. Духтури бемориҳои дарунии Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №15 Файзалӣ Бобишоев иброз намуд, ки чангу ғубор ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонида, боиси озурдагии пардаи луобии узвҳои нафаскашӣ, бемориҳои системаи нафаскашӣ ва шадидтар шудани он мегарданд. «Паст шудани сифати ҳаво ба ҳаёти инсон таъсири ҷиддӣ мерасонад ва хавфи патологияҳои гуногуни дилу рагҳо, бемориҳои шуш, варам, омос ва осеби аллергиявӣ меафзояд. Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ муайян кардааст, ки ифлосшавии ҳаво ҳамасола боиси марги беш аз 7 миллион нафар мешавад ва тибқи таҳқиқоти соли 2019 гузаронида, ин рақам ба 9 миллион нафар расидааст»,-баён медорад табиб.

Файзалӣ Бобишоев ба сокинони мамлакат тавсия медиҳад, ки ҳангоми ба амал омадани чангу ғубор, қабл аз ҳама, аз ниқобҳо истифода баранд.

«Дар чунин ҳолат шахсони гирифтори бемориҳои музмини системаи нафаскашӣ, инчунин намудҳои гуногуни аллергия бояд камтар ба берун бароянд. Ҳамзамон бояд ҳамарӯза корҳои поксозии намнок анҷом дода шаванд. Дар ин маврид, пеш аз ҳама, нисбат ба шахсони осебпазир ва дорои хатари саломатӣ, ба мисли беморони гирифтори бронхит, амфизема ё астма, бемориҳои роҳи нафас ва дил, инчунин кӯдакон, занони ҳомила ва пиронсолон тадбирҳои махсус андешидан зарур аст»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 21, 2023 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд