НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаву иншоот сабаби ҳодисаҳои нохуш мегардад
ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаву иншооти зериназоратии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2023 30 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 26 нафар ҳалок шуда, 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ин нуктаро Сардори Хадамот Санъат Раҳим имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён намуд.
Мавсуф тазаккур дод, ки сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш- ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар ҷараёни кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошанд.
Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 2827 корхона ва 12127 иншоот сабти ном шудаанд. Аз ҷониби 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар корхона ва иншооти бақайдгирифта 117 назорати техникӣ гузаронида шуданд, ки аз инҳо 100 назорат нақшавӣ ва 17 назорат ғайринақшавӣ мебошад.
Ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ нозирони Хадамот 902 банди вайронкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кардаанд. Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 117 санад-нишондод ва 7 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ 166 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои сабтиномшуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 890 204,0 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






