Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодирро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 05.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодирро ба истифода доданд.
Масоҳати умумии парваришгоҳ 200 гектар буда, ин мавзеи ноҳияи Шаҳристон барои парвариши ҳайвоноти нодир иқлими мусоид дорад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар парваришгоҳи навтаъсис асосан ду намуд ҳайвони нодир — оҳуи аврупоии лан ва гӯсфанди шохдори муфлонӣ парвариш ва нигоҳубин карда мешавад. Парваришгоҳи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Газнафт” ташкил гардидааст.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат ҳайвоноти нодирро ба табиат сар доданд.
Парваришгоҳ дар мавзеи зебоманзар ва хушбоду ҳавои Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон ташкил гардида, дарахтони зиёд ва гулу гиёҳҳои ҳархелаи худрӯй дорад. Дар ин мавзеъ асосан арчаи зарафшонӣ хуб нашъунамо ёфта, муҳити атрофро сабзу хуррам нигоҳ медорад.
Дар парваришгоҳ барои нигоҳубин ва марҳила ба марҳила зиёд намудани саршумори ҳайвоноти нодир шароит ва имконияти васеъ мавҷуд буда, дар ин самт зоти оҳуи аврупоӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда шудааст.
Тибқи иттилои масъулон, моҳи декабри соли 2022 аз Ҷумҳурии Беларус 30 сар оҳуи зоти лан ворид гардид. Намудҳои оҳу нахуст ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ гардонда шуда, аз онҳо насли нав гирифта мешавад.
Дар марҳилаи аввал 15 гектар ҳудуди парваришгоҳ бо симтур маҳкам карда шудааст. Ин тадбир имконият медиҳад, ки ҳайвоноти нодир ҳифз карда шаванд ва саршумори он сол ба сол зиёд гардад.
Иқлим ва боду ҳавои мусоиди Тоҷикистон, бахусус ноҳияи Шаҳристон имконият медиҳад, ки дар натиҷаи дуруст парвариш ва нигоҳубин кардани ин намуди оҳу насли он низ ҳамасола ба маротиб зиёд карда шавад. Дар соли якум 8 сар оҳу тавлид шудааст. Ҳоло шумораи намуди оҳуи лани аврупоӣ ба 38 сар расидааст ва наслгирӣ аз он идома дорад.
Дар асоси гуфтаи олимони соҳа насли наринаи намуди оҳуи аврупоии лан то 80 килограм ва модинаи он то 60 килограм вазн мегирад. Ба роҳ мондани парвариш ва нигоҳубини намуди оҳуи аврупоии лан барои рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ замина гузошта, дар оянда омили муҳими ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба Тоҷикистон мегардад.
Дар парваришгоҳ дар баробари парвариши оҳуи аврупоии лан, ки бори аввал ба Тоҷикистон оварда шудааст, инчунин гӯсфанди шохдори муфлон низ парвариш меёбад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити парваришгоҳ, ки дар мавзеи хушбоду ҳавои ноҳияи Шаҳристон таъсис дода шудааст, бо масъулони соҳа суҳбати самимӣ анҷом дода, ҷиҳати дар оянда зиёд намуди саршумори оҳуи навъи аврупоии лан ва гӯсфанди шохдори муфлон, дуруст парвариш кардан ва ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ намудани ин намуди оҳуҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мавҷуд будани чунин имконияти табиӣ дар беҳтар намудани гуногунии биологӣ ва ба ин васила бештар намудани навъҳои ҳайвоноти нодир аҳамияти калон дорад. Дар шароит ва мевқеи ҷуғрофии Тоҷикистон таъсиси парваришгоҳҳо ва мамнуъгоҳҳо афзалияти бештар дошта, ба афзоиш ёфтани саршумори ҳайвоноти нодир мусоидат менамояд, ки ин аз ҳадафҳои ояндадори Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”






