Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 13.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд. Зеро тавре ки аз мазмун ва моҳияти қонунгузории мамлакат оид ба васоити ахбори омма бармеояд, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо мебошад» — иқтибос аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, ки 10 марти соли 2012 баргузор шуда буд.
«Олиҳаи садоқат»
Шумораи навбатии нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» аз 10 июли соли ҷорӣ, оид ба машварати кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор карда буданд, хабари муфассал нашр кардааст. Дар хабар омадааст, ки Сарвари давлат ба роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он дастур доданд, якҷо бо роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҳти назорати ҷиддӣ ва доимӣ қарор диҳанд ва барои дар муҳлатҳои муайяншуда супоридани иншооти ҷашнӣ чораҳои зарурӣ татбиқ карда шаванд. Хотиррасон бояд кард, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд сохтмон ва барқарорсозии 12 000 иншооту бино, аз ҷумла 700 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар идома, нашрия сафари кории Президенти мамлакатро ба вилояти Суғд ба таври муфассал ва бо аксҳои таърихӣ инъикос кардааст.
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» аз 11 июли соли 2023 хабарҳои расмӣ дар бораи суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев, барқияи шодбошии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба муносибати интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ба мансаби Президенти мамлакати дӯст ва ҳамсояи Узбекистон нашр шудааст.
Бояд тазакур дод, ки нашрияи расмии «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар пайравӣ аз арҷгузориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан – Модар, тақвияти ҳисси ватанпарастии насли ҷавон ва тарбияи онҳо таҳти унвони «Дуои Модар» озмун эълон кардааст ва инак, қариб дар ҳар як шумораи нашрия ҳикоя, қисса ва ё шеър дар васфи модар, ки аз тарафи муаллифони касбу кори гуногун ба қалам дода шудаанд, чоп мешаванд. Ин шумора низ, дар саҳифаи аввал мақолаи Комрон Сафар бо номи «Тоҷикистон Модари ман аст» ва дар саҳифаи сеюм мақолаи Қ. Холназарова «Қудрати дуо», инчунин ду шеъри П. Давлатов пешкаши хонандагон шудааст, ки бешак аз ҷониби хонанадагон хуб пазируфта хоҳанд шуд.
Шумораи дигари «Ҷумҳурият» (12 июли соли 2023) мақолаҳои «Роҳҳо ободиро инъикос мекунанд», «Ваҳдат, аз ҳушёрӣ то зиракии сиёсӣ», «Энергияи сабз. Тоҷикистон манбаъҳои беохири табиӣ дорад», «Ҳоит, оқибатҳои заминларза фаромӯш намешаванд!» ва маводҳои ба озмуни «Дуои Модар» воридшуда: «Агар Модари ман зинда мебуд…» (муаллиф Абдулқодири Раҳим), «Олиҳаи садоқат» (муаллиф Ш. Абдулло) инчунин шеърҳои эҷодкардаи Давлат Сафарро дар васфи Модар чоп кардааст.
Илм дар марҳалаи нав ҷойгаҳи калидӣ пайдо кард
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» хабару мақолаҳои расмиро оид ба сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, барқияи шодбошӣ ба муносибати интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ба маснади Президенти Ҷуҳурии Узбекистон нашр карда, мақолаи таҳлилии доктори илмҳои фалсафа А.Қурбоновро бо сарлавҳаи «Илм дар марҳалаи нав ҷойгаҳи калидӣ пайдо кард» пешкаши хонандагон кардааст. Муаллиф аз ҷумла навиштааст: «Бояд тазаккур дод, ки шуруъ аз солҳои 2000-ум дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва маориф марҳилаи тоза оғоз гардид. Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди соҳаи маънавиёти шаҳрвандон сиёсати пайгирона ва босуботро амалӣ намуда, дар ин давра қарору фармоишҳое қабул гардиданд, ки маҳз талаботи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриро дар назди илм ба миён мегузоштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи барномаҳои марбут ба соҳаи илм ва фаъолияти муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла чунин иброз намуданд: «Вазъи имрӯзаи илми мамлакат тақозо менамояд, ки барои ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шавад». Ин таъкидҳо ба он роҳнамун намуд, ки дар шароити бесобиқаи илму фановарӣ дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ низ дигаргуниҳои муҳим ба вуҷуд ояд. Вобаста ба талаботи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва филиалу факултетҳо таъсис дода, барои омода кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир барои пайванди илм ба истеҳсолот тадбирандешӣ намоянд». Хонандагон имкон доранд, ки идомаи матлабро аз саҳифаҳои нашрияи парлумонӣ мутолиа кунанд.
Нашрияи «Омӯзгор» оид ба баргузор шудани даври якуми (асосии) имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ хабари муфассалро бо маълумотҳои ҷолибу зарурӣ ва мусоҳиба бо мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Беҳзод Баротзодаро чоп кардааст. Ҳамчунин нашрия бо сарлавҳаи «Комёбиҳоро афзун бояд кард» гузориш аз ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешкаши хонандагон намудааст. Навиштаҳои муаллифӣ бо сарлавҳаҳои «Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт», «Таълими модулӣ», «Таълим дар мактаби куҳна», «Ҳаракат қоида дорад, чаро онро риоя намекунем» дар мавзуъҳои мактабу маориф навишта шуда, бо мазмуну мундариҷаи худ диққати хонандагонро ба худ ҷалб мекунанд.
Акрам Сангзода,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»