Шумораи ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар минтақаи Баҳри Миёназамин аз 40 нафар зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди бар асари сӯхтори ҷангал ҳалокшудагон дар минтақаи Баҳри Миёназамин аз 40 нафар гузашт. Хазорон нафар одамон кӯчонида шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Арменпресс» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус BBC хабар додааст.
Аксари ҳалокшудагон дар Алҷазоир мебошанд. Дар ин сӯхтор 34 нафар, аз ҷумла 10 сарбозе, ки мехостанд сокинонро аз шаҳри соҳилии Беҷая берун бароранд, ҳалок шуданд. Ба гуфтаи мақомоти Алҷазоир, 80 дарсади сӯхтор хомӯш шудааст, аммо чун пештара барои хомӯш намудани сӯхтор 8 ҳазор нафар сӯхторнишонон ва садҳо техника ҷалб гардидаанд.
Дар Туниси ҳамсоя низ сӯхтор идома дорад. Дар он ҷо 300 нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.
Аз 13 музофоти Юнон дар 6-тои он дараҷаи шадиди хатар эълон шудааст. Дар ҷазираи Родос бештар аз 20 ҳазор нафар одамон ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд. Ҳазорон нафар сайёҳон аз осоишгоҳҳои ҷазира кӯчонида шуданд.
Ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор дар ҷазираи Эвияи Юнон ҳавопаймо суқут намуда, ду сарнишини он ҳалок шуданд. Дар он ҷо ҷасади як марди дигар низ ёфт шудааст.
Дар ҷазираҳои Корфу ва Крит низ ҷангалҳо месӯзанд.
Як зумра олимони иқлимшинос изҳор доштаанд, ки яке аз сабабҳои мавҷи баланди гармӣ дар моҳи июл, ки Аврупои Ҷанубӣ, Амрикои Шимолӣ ва Чинро фаро гирифтааст, тағйирёбии иқлим мебошад, ки инсоният ба вуҷуд овардааст.
Гармӣ ҳанӯз паст намешавад. Дар баъзе қисматҳои Юнон ҳарорат метавонад аз 44 дараҷа боло равад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






