Шумораи ҳалокшудагони обхезӣ ва ярч дар Покистон ба 86 нафар расид
ДУШАНБЕ, 12.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз охири моҳи июн дар Покистон бар асари обхезӣ ва ярчфароӣ, ки дар натиҷаи боронҳои муссонӣ ба амал омадаанд, 86 нафар ба ҳалокат расидааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи сешанбе Раёсати ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.
«Дар давоми як шабонарӯзи охир дар вилоятҳои Панҷоб ва Синд шаш нафар аз зарбаи офатҳои табиӣ ҳалок шудаанд. Аз 25 июн, вақте ки мавсими боронгариҳо оғоз ёфт, дар саросари кишвар на камтар аз 86 нафар дар натиҷаи боришоти шадид ҳалок ва беш аз 150 нафари дигар осеб диданд», — гуфта мешавад дар хабар.
Теъдоди зиёди ҳалокшудагон дар вилояти Панҷоб сабт шудааст, ки дар он ҷо обхезӣ, фурӯ рафтани биноҳо ва фаромадани ярч боиси марги 52 нафар гардидааст.
Обхезиҳо ба Лаҳор, маркази маъмурии Панҷоб зарари калон расонданд. Дар шаҳр бар асари сел ноҳияҳое зери об мондаанд, ки дар онҳо 35 фисади аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Дар он ҷо интиқоли нерӯи барқ қатъ гардида, фаъолияти нақлиёт халалдор шудааст, таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ мушкил мебошад.
Ҳавошиносон аз идомаи борон дар саросари Панҷоб дар рӯзҳои наздик ва таҳдиди обхезии дарёҳои Рави ва Сутлеҷ ҳушдор додаанд.
Боронҳои шадиди муссонӣ ҳар сол аз моҳи июн то сентябр 70-80% боришоти солонаро ба Покистон меорад. Соли гузашта бар асари обхезиҳои харобиовар дар натиҷаи боришоти муссонӣ дар кишвар 1700 нафар одам ҷон бохтанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Синхуа»








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






