Соли 2021 тақрибан 20,000 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар саросари Иттиҳоди Аврупо ба ҳалокат расиданд

Июль 2, 2023 16:52

ДУШАНБЕ, 02.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти охирини «Eurostat», соли 2021 тақрибан 20,000 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар саросари Иттиҳоди Аврупо ба ҳалокат расидаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Euronews» хабар медиҳад.

Ҳолатҳои фавт дар Иттиҳоди Аврупо пас аз даҳ соли коҳиши пайваста 6% афзоиш ёфтааст ва дар баъзе давлатҳои Аврупои Шарқӣ шумораи бештари ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст.

Соли 2021 дар роҳҳои давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо 19 917 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки нисбат ба соли 2020 (18 834) ҳазор нафар зиёд аст. Тахмин меравад, ки коҳишёбӣ дар соли 2020 ба маҳдудиятҳои COVID вобаста аст.

Маълумоти нав аз хотима ёфтани коҳиши устувори шумораи солонаи ҳолатҳои фавт бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар Иттиҳоди Аврупо гувоҳӣ медиҳад.

Аммо омори умумӣ дар муқоиса ба соли 2011, ки он замон беш аз 28 000 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Соли 2023 афзоиши шумораи садамаҳои нақлиётӣ дар Фаронса, Олмон ва Италия, ки давлатҳои дорои шабакаҳои роҳҳо пешрафта ва шумораи бештари мошинҳо мебошанд, ба қайд гирифта шудааст.

Аз рӯи нишондиҳандаҳои баланд ба ҳар сари аҳолӣ давлатҳои шарқӣ — узви Иттиҳоди Аврупо — Руминия, Булғористон ва Латвия, сарфи назар аз коҳиши шумораи ҳолатҳои фавт дар садамаҳои нақлиётӣ то ба ҳадди 100 фавт ба як миллион нафар, пешсафанд.

Дар Малта ба як миллион нафар ҳамагӣ 17 фавт бар асари садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Шумораи камтар дар Норвегия сабт гардидааст — 15 фавт ба як миллион нафар.

Шветсия ва Дания низ дорои нишондодҳои пасти фавт дар садамаҳои нақлиётӣ мебошанд.

Моҳи марти соли 2023 Иттиҳоди Аврупо нақшаи ислоҳот ва стандартикунонии имтиҳонҳои ронандагӣ дар саросари иттиҳодро барои коҳиш додани ҳолатҳои фавт дар роҳҳо муаррифӣ намуд.

Тибқи пешниҳодҳои нав, барои шахсони то 17-сола супоридани имтиҳон ба хотири ба даст овардани ҳуқуқи ронандагӣ иҷозат нест ва барои ронандагони камтаҷриба муҳлати санҷиши дусола ҷорӣ карда мешавад.

АКС: «Euronews»

Июль 2, 2023 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд